Қисмате аз афвшудагон дар Тоҷикистон боз ба «шуғли пешина» бармегарданд

Қисмате аз ашхоси афвшуда дар Тоҷикистон иқдоми башардӯстонаи ҳукуматро қадр накарда, боз даст ба ҷинояткорӣ мезананд. Бино ба маъолумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ, то ба имрӯз 4 ҳазору 220 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳотӣ озод карда шудаанд, ки 300 нафарашонро занону ноболиғон ташкил медиҳанд. «Албатта, содир намудани ҷиноёт миёни афвшудагон ба мушоҳида мерасад, […]

Наргис Ҳамробоева


Қисмате аз ашхоси афвшуда дар Тоҷикистон иқдоми башардӯстонаи ҳукуматро қадр накарда, боз даст ба ҷинояткорӣ мезананд.

Бино ба маъолумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ, то ба имрӯз 4 ҳазору 220 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳотӣ озод карда шудаанд, ки 300 нафарашонро занону ноболиғон ташкил медиҳанд.

«Албатта, содир намудани ҷиноёт миёни афвшудагон ба мушоҳида мерасад, вале омори мукаммал дар ин бора ҳанӯз омода нест», – гуфт манбаъ ва таъкид сохт, ки маъмулан 20-30%-и афвшудагон бо гузашти муддате боз ба муассисаҳои ислоҳотӣ бармегарданд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев дар робита ба ин масъала мегӯяд, яке аз чунин ҳодисаҳои ҷинояткорӣ бо иштироки шахси чанде қабл афвшуда дар шаҳри Турсунзода ба қайд гирифта шудааст. «Р.А.-и 21-солаи қаблан маҳкумшуда ба даст доштан дар ду ҳодиса ғоратгарӣ гумонбар дониста мешавад. Рӯзи 21-уми октябр дар маркази шаҳри Турсунзода ӯ гарданбанди арзишаш 4,8 ҳазор доллари ИМА-и зани ҷавонеро аз гарданаш канда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Баъди чанд рӯзи дигар ӯ гарданбанди тиллоии арзишаш 2 ҳазор доллари ИМА-и зани дигарро бо чунин тарз ғорат мекунад», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти Асадуллоев, соли равон дар Тоҷикистон 3 ҳазору 709 ҳодисаи дуздӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 2 ҳазору 816 ҳодиса ошкор карда шудааст.

Ба андешаи коршиноси мустақил оид ба масоили иҷтимоӣ Фирӯз Саидов, даст задани афроди афвшуда ба ҷиноят ба сатҳи баланди бекорӣ дар кишвар ва мавҷуд набудани давраи мутобиқшавӣ ба ҳаёти нав вобаста аст.

«Аксари афвшудагон дар озодӣ кори муносиб ёфта наметавонанд, зеро муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои тиҷоратӣ аксаран ба кор қабул кардани чунин шахсонро намеписанданд. Ҳамин тариқ, ӯ аз маҳбас озод шуда, сарчашмаи дарёфти ризқу рӯзӣ намеёбад ва минбаъд ҳам аз он умедвор нашуда, боз ба «шуғли пешина» бармегардад. Оне, ки ӯро метавонанд боз зиндонӣ кунанд, барояш муҳим нест, ӯ мехоҳад оилаи худро таъмин созад», – мегӯяд коршинос.

Дар ҳамин ҳол, татбиқи қонуни афв боз муддати се ҳафтаи дигар идома меёбад. Он нисбат ба 15 ҳазор нафар, аз ҷумла 4 ҳазор нафар маҳбусон мавриди амал қарор мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.