БРАО ба дастгирии лоиҳаи таҷдиди техникии нерӯгоҳи «Норак» омода аст

Дар нишасти хабарии бахшида ба 5-умин солгарди таъсиси Бонки рушди Авруосиё дар шаҳри Алмаато раиси раёсати Бонки рушди Авруосиё Игор Финогенов изҳор кард, ки Бонки рушди Авруосиё аз сатҳи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон қаноатманд буда, минбаъд низ ба дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин кишвар омода аст. Ӯ қайд кард, ки айни замон масъалаи маблағгузорӣ ба бахши […]

ASIA-Plus


Дар нишасти хабарии бахшида ба 5-умин солгарди таъсиси Бонки рушди Авруосиё дар шаҳри Алмаато раиси раёсати Бонки рушди Авруосиё Игор Финогенов изҳор кард, ки Бонки рушди Авруосиё аз сатҳи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон қаноатманд буда, минбаъд низ ба дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин кишвар омода аст.

Ӯ қайд кард, ки айни замон масъалаи маблағгузорӣ ба бахши гидроэнергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла таҷдиди техникии нерӯгоҳи обӣ-барқии «Норак» мавриди баррасӣ қарор дорад.

«Агар мувофиқа ҳосил шавад, Бонки рушди Авруосиё (БРАО) ба дастгирии ин лоиҳа, ки садҳо миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, омода аст, зеро ин лоиҳа барои Тоҷикистон хеле муҳим буда, мо ба дастгирии он қодирем», – гуфт вай.

И. Феногенов зикр кард, ки Тоҷикистон қисмати дуюми қарз аз Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС)-ро дархост накардааст, «зеро вазъи буҷет дар Тоҷикистон мусоид буда, ба ин кор зарурат нест». Қисмати аввали қарз аз Фонди зиддибӯҳронии ЕврАзЭС дар ҳаҷми 70 млн. доллари ИМА ба мӯҳлати 20 сол тобистони соли гузашта ба Тоҷикистон ҷудо гардида буд.

Ба гуфтаи Финогенов, айни замон БРАО ҳудуди 40 лоиҳаи сармоягузориро амалӣ сохта, беш аз 3 млрд. доллари ИМА сандуқи сармоягузории андӯхтаро доро мебошад. Аз ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории бонк ба санаи 30-юми сентябри соли 2011 ба Русия 46,3; Қазоқистон – 36,5; Белорус – 10,1; Арманистон – 2; Тоҷикистон – 1,3 ва кишварҳои дигар – 3,8%-и маблағ рост меояд.

Ёдрас мекунем, ки Бонки рушди АвруОсиё созмони байнулмилалии молиявӣ буда, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва густариши равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақаи Аврупову Осиё таъсис дода шудааст. Бонки мазкур дар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Қазоқистон соли 2006 бо ташаббуси сарони ин ин кишварҳо таъсис ёфт. Айни замон Русия, Қазоқистон, Белорус, Тоҷикистон ва Қирғизстон дар ҳайати он шомил мебошанд. Дар таърихи 22 июни соли 2009 Тоҷикистон ҳиссаи худ дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари ИМА-ро ба БРАО ворид сохта, узви комилҳуқуқи он гардид. Феълан ҳаҷми сармояи оинномавии БРАО беш аз 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.