Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода Оғохони IV озими Шӯрообод шуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки рӯзи 30-юми октябр бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард, имрӯз ба сохтмони пули нав дар рӯдхонаи Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳусни оғоз хоҳанд бахшид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Созмони Оғохон оид ба рушд (AKDN) хабар доданд, айни замон […]

Наргис Ҳамробоева


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки рӯзи 30-юми октябр бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард, имрӯз ба сохтмони пули нав дар рӯдхонаи Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳусни оғоз хоҳанд бахшид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Созмони Оғохон оид ба рушд (AKDN) хабар доданд, айни замон Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода Оғохони IV озими ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон шудаанд.

Нимаи дуюми имрӯз онҳо дар маросими расмии ҳусни ифтиоҳ бахшидан ба сохтмони пули панҷум миёни Тоҷикистону Афғонистон дар чаҳорчӯби амалисозии ташаббуси фаромарзии AKDN иштирок хоҳанд кард.

Дарозии пули нав 162 ва паҳноиаш 3,5 метр буда, иқтидори борбардориаш ба 30 тонна баробар аст. Ин пул ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ва музофоти Хоҳони Афғонистонро ба ҳам мепайвандад.

Лоиҳа аз ҷониби Бунёди Оғохон бо дастгирии молиявии ҳукумати Олмон тавассути агентии KFW амалӣ мегардад.

Шоми имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода Оғохон ба Душанбе бармегарданд. Онҳо пагоҳ дар маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷситорадори «Душанбе Серена» ширкат хоҳанд варзид.

Дар AKDN изҳор карданд, ки меҳмонхонаи мазкур дорои 95 ҳуҷра буда, аз фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар масофаи 10 дақиқаи ҳаракат ва дар маркази пойтахт воқеъ аст. Барои сохтмони меҳмонхонаи мазкур 58 млн. доллари ИМА масраф шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.