Ағбаи Шаҳристон расман баста шуд

Date:


Бо мақсади таъмини амнияту бехатарӣ, шурӯъ аз 30-юми октябри соли равон ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон, ки шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои водии Зарафшонро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, расман баста эълон гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и ҷумҳурӣ Муҳаммадҷон Назриев хабар дод, ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон бинобар барфрезии шадид тайи се рӯзи ахир дар ин мавзеъ манъ карда шудааст.

Ба қавли номубрда, бинобар манъи ҳаракати нақлиёт, аз ду ҷониби ағба қатори бисёркилометраи мошинҳо ҷамъ омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, санаи дақиқи иҷозати ҳаракати нақлиёт тавассути ағба маълум нест. «Хадамоти дахлдор ба корҳои тозакунии роҳ  аз барф машгуланд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар фурсати наздиктарин ҳаракати нақлиётро барқарор созанд», – афзуд Назриев.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...