Мавқеъи Медведев нисбат ба қазияи ҳукм ба халабони русиягӣ

Президенти Русия Дмитрий Медведев зимни мулоқот бо блогерҳо изҳор кард, ки ба низоми судии Тоҷикистон дахолат карданӣ нест, лекин ҳукми содиршуда нисбат ба халабони русиягӣ «нофаҳмиҳои зиёд дорад». «Ҳукми мазкур ҳам аз лиҳози аломатҳои содир шудани ҷиноят ва ҳам аз нигоҳи ҷараёни баргузории мурофиа нофаҳмиҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, мо посухи расмии Тоҷикистонро, ки […]

ASIA-Plus


Президенти Русия Дмитрий Медведев зимни мулоқот бо блогерҳо изҳор кард, ки ба низоми судии Тоҷикистон дахолат карданӣ нест, лекин ҳукми содиршуда нисбат ба халабони русиягӣ «нофаҳмиҳои зиёд дорад».

«Ҳукми мазкур ҳам аз лиҳози аломатҳои содир шудани ҷиноят ва ҳам аз нигоҳи ҷараёни баргузории мурофиа нофаҳмиҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, мо посухи расмии Тоҷикистонро, ки бо он муносибатҳои дӯстонаву ҳамкорӣ дорем, интизор мешавем ва сипас натиҷагириву қарор қабул хоҳем кард. Қарорҳо бошанд, метавонанд ҳар гуна бошанд», – гуфтааст ӯ дар посух ба суоли блогерҳо дар ин маврид.

Ӯ зикр кардааст, ки ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати расидагӣ кардан ба ин масъала супоришҳои дахлдор додаст. «Ман ба онҳо супориш додам, ки ба ин кор ҷиддӣ машғул шаванд. Онҳо бояд бо намояндагони мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфтушунид кунанд», – афзудааст Дмитрий Медеведев.

Қаблан нашрияи ВЗГЛЯД хабар дода буд, ки як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров кӯшиш дорад, ки дар робита ба ин масъала бо ҳамтои тоҷики худ тамоси телефонӣ бигирад, вале ин ба ӯ то ҳол муяссар нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро ба даҳуним соли зиндон маҳкум карда, бо истифода аз қонуни афви Тоҷикистон, мӯҳлати ҷазои онҳоро ду солӣ кам – то ҳаштунимсолӣ таъин кард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.