«Газпромнефт» ба фурӯши бензини навъи АИ-98 моҳи декабр шурӯъ мекунад

Ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» шурӯъ аз моҳи декабри соли равон ба воридоти бензини навъи АИ-98 ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, ин навъи бензин сар аз моҳи май дар Тоҷикистон мавҷуд набуд. «Ин навъи бензин аз корхонаи коркарди нефти Омск оварда шуда, ҳамин тариқ фурӯши ҳама навъи маҳсулоти нефтӣ дар […]

Заррина Эргашева


Ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» шурӯъ аз моҳи декабри соли равон ба воридоти бензини навъи АИ-98 ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, ин навъи бензин сар аз моҳи май дар Тоҷикистон мавҷуд набуд.

«Ин навъи бензин аз корхонаи коркарди нефти Омск оварда шуда, ҳамин тариқ фурӯши ҳама навъи маҳсулоти нефтӣ дар нуқтаҳои фурӯши ширкат таъмин карда хоҳад шуд, – гуфтанд дар ширкат. – Як миқдори бензини навъи АИ-98 моҳи декабр ба Тоҷикистон ворид шуда, ин ҳаҷм барои як моҳ кофӣ аст».

Бино ба маълумоти ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон», айни замон ҷиҳати таъминот ва воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ширкат ҳеҷ мушкилие надорад.

Тибқи иттилои сомонаи ҳукумати Русия, аз 1-уми ноябр ҳаҷми боҷи содиротӣ барои бензин аз 372,2 $ то ба 353,7 $ ва боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии рӯшан аз 271,5 $ то 259,3 $ барои як тонна кам шудааст.

Аз вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, ки айни замон арзиши миёнаи як литр бензини «мардумӣ»-и АИ-92 дар шаҳри Душанбе 7 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали моҳи октябр 20-30 дирам ва қимати моҳи ноябри соли гузашта 59% зиёдтар аст.

Айни замон дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон ширкатҳои зиёде фаъолият доранд, вале 6-тои онҳо дар он мавқеъи бузург доранд. Инҳо – ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» бо касби 51,9%-и ҳиссаи бозор, ҶДММ «Нури Дилшод» – 5,3% -и ҳисса, ҶДММ «Анахито» – 3,6%-и ҳисса, ҶДММ «Озод Интернейшнл» – 4,6%-и ҳисса, ҶСП «Хонақоҳ маҳсулоти нафтӣ» – 4,4%-и ҳисса ва ҶДММ «Умед-88» – 2,3%-и ҳиссаи бозор мебошанд. Ба дигар субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ 27,7%-и ҳиссаи ин бозор рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.