Бозгашти сафири Русия ба Душанбе

Имрӯз аз бозгашти сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов ва ба иҷрои вазифаҳои худ пардохтани ӯ интизорӣ меравад. Бино ба маълумоти хабаргузории РИА «Новости» бо истинод ба як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ӯро барои машварат дар робита ба қазияи маҳкум шудани халабони рус Владимир Садовничий ба Маскав даъват карда […]

ASIA-Plus


Имрӯз аз бозгашти сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов ва ба иҷрои вазифаҳои худ пардохтани ӯ интизорӣ меравад.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА «Новости» бо истинод ба як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ӯро барои машварат дар робита ба қазияи маҳкум шудани халабони рус Владимир Садовничий ба Маскав даъват карда буданд.

Попов пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон, ки дар он қазияи ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудани халабони рус Сергей Садовничий баррасӣ шуд, озими Маскав гардид.

Чанде баъдтар Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки қазияи маҳкум шудани халабони рус ва эстониро таҳти назорати шахсии хеш қарор додаст. «Мо бояд ин масъаларо бо роҳҳои дипломатӣ, вале дар доираи қонунҳои конститутсионии Тоҷикистон тавре ҳал намоем, ки ба муносиботи стратегии Тоҷикистону Русия латма ворид насозем», – гуфт президенти Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароида, Маскав изҳор кард, ки чораҳои ҷавобӣ хоҳад андешид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти хабаргузории ИТАР-ТАСС, дар нишасти матбуотии саммити АТЭС-Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиёву уқёнуси Ором дар шаҳри Гонолулу, маркази иёлоти Гавайи Амрико президенти Русия дар робита ба ин масъала аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки бори дигар ин масъаларо баррасӣ намоянд.

«Дар сурати ба якдигар гӯш надодани кишварҳо, чунин рӯйдод дар муносиботи дуҷонибаи кишварҳо бетаъсир нахоҳад буд ва ман маҳз чунин мавқеъро ба мақомоти раҳбарии Тоҷикистон шарҳ дода, хеле умедворам, ки дӯстони тоҷики мо албатта моро хоҳанд шунид», – изҳор доштааст ӯ.

Сарвари давлати Русия аз лиҳози ҳуқуқӣ дар парванда ҷой доштани «баъзе шубҳаҳо»-ро баён карда, гуфтааст, «умедворам ҳукумати Тоҷикистон зимни қабули қарори ниҳоӣ оид ба ин масъала сатҳи муносиботи дуҷонибаи кишварҳоро нодида нахоҳад гирифт».

Ҳамзамон Д. Медеведев таъкид сохтааст, ки дар атрофи масъалаи истирдоди муҳоҷирони тоҷик аз Русия ва қазияи зиндони шудани халабони рус «ҳеҷ маъракаи тарҳрезишудае»-ро намебинад.

«Шаҳрвандоне, ки муқаррароти қонунҳоро поймол мекунанд, бояд аз кишвари қабулкунанда хориҷ гарданд ва ё вазъи ҳуқуқии онҳо ба таври бояду шояд аз рӯйи қонунҳо дуруст карда шавад. Ин ҷо ман ҳеҷ як маъракаеро намебинам. Гузашта аз ин, ин амалро мебояд мудом анҷом дод, зеро мушкилоти мазкур боиси нигаронии қисми зиёди аҳолӣ аст ва онро нодида наметавон гирифт», – афзудааст сарвари давлати Русия. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?