Дар шаҳри Ваҳдат ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар баргузор гардид.
Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи мазкур дар чаҳорчӯбаи санҷишҳои доиркардашудаи фаъолияти Шӯроҳои ҳамоҳангсозии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил карда шуд. Ба ҷаласа муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки соҳаи иҷтимоиро сарпарастӣ менамоянд ва ҳамзамон раисони Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ мебошанд, даъват гардида буданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ширкаткунандагони он ахбори Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Одинаеваро дар бораи натиҷаҳои санҷиши фаъолияти Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шуниданд. Қайд карда шуд, ки дар рафти санҷиш дар баробари натиҷаҳои мусбии фаъолияти Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҶТ барои солҳои 2008-2012, баъзе камбудиҳо низ ошкор гардиданд.
Дар мавриди тадбирҳои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Рӯдакӣ, Нуробод ва Тоҷикобод маълумот доданд.
Директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи профессор М. Ғуломов Маҳмадраҳим Малахов оиди вазъи нашъамандӣ ва расонидани ёрии наркологӣ ба беморони гирифтори нашъамандӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ маърӯза карда, қайд намуд, ки баъзе ноҳияҳо бо сабаби набудани духтурон-наркологҳо дар бораи шумораи беморони нашъаманд маълумоти нодуруст пешниҳод менамоянд. Қайд карда шуд, ки Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ бо мақсади беҳтар намудани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҷамъоварии ахборот дар бораи мавҷуд будани шахсони нашъаманд кӯмаки худро расонад.
Зикр гардид, ки дар интиҳои ҷаласа дар назди ҳозирин Муовини Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.М. баромад намуда, диққати ҳозиринро махсус ба он ҷалб намуд, ки сатҳи зиёди нашъамандӣ асосан дар пойтахти кишвари мо паҳн гардидааст. Аз эҳтимол дур нест, ки қисми ашхосе, ки дар шаҳри Душанбе ба паҳн кардани маводи нашъаовар даст доранд ва ба бемории нашъамандӣ гирифторанд, истиқоматкунандагони ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ҳастанд. Аз ин рӯ ӯ таваҷҷӯҳи иштирокчиёнро ба зарурати пурзӯр намудани ҳамкории мақомоти шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бо мақсади бақайдгирӣ, табобат, пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ дар байни аҳолии шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҷалб намуда, қайд кард, ки воситаи асосӣ барои тарҳрезии ин вазифаҳо Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар маансуб меёбад.
Ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар дар хотима барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта қарор қабул намуд.


