Сардори Хадамоти муҳоҷират: Аз депортатсия наҳаросед

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи семинари дурӯзаи таҷрибавӣ дар мавзӯи «Муҳоҷират ва рушд: комёбии нақшаи стратегӣ» дар Душанбе сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиаллоҳ Девонаев изҳор кард, ки Тоҷикистон ба Белорус фиристодани муҳоҷирони кории аз Русия истирдодшударо ба нақша гирифтааст. «Бо тасвиби созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи фаъолияти кории шаҳрвандони тоҷик дар Белорус мо роҳи […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи семинари дурӯзаи таҷрибавӣ дар мавзӯи «Муҳоҷират ва рушд: комёбии нақшаи стратегӣ» дар Душанбе сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиаллоҳ Девонаев изҳор кард, ки Тоҷикистон ба Белорус фиристодани муҳоҷирони кории аз Русия истирдодшударо ба нақша гирифтааст.

«Бо тасвиби созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи фаъолияти кории шаҳрвандони тоҷик дар Белорус мо роҳи муҳоҷират ба ин кишварро боз намудем. Аз ин рӯ, аз истирдоди шаҳрвандони мо аз Русия набояд ҳарос дошт. Мо муҳоҷирони истирдодшударо ҷамъ оварда, ба Белорус мефиристем», – гуфт ӯ.

Девонаев зикр кард, ки ҷараёни фиристодани муҳоҷирони кории тоҷик ба Белорус аз соли нав оғоз мегардад. «Пас аз анҷом додани як қатор тартиботи барасмиятдарорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ, шурӯъ аз соли нав мо ба фиристодани шаҳрвандон ба Белорус оғоз мекунем», – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Хадамоти муҳоҷират мутмаин аст, ки вазъи имрӯзаи муҳоҷирони кории тоҷик муваққатӣ аст.

«Мо таҳти роҳбарии сарвари давлат ва дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ин масъаларо ҳал хоҳем кард», – изҳори  боварӣ намуд Девонаев.

Номбурда афзуд, рӯзҳои наздик ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур як ҳайати ҳукуматӣ таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба шаҳри Маскав раҳсипор мешавад.

Бино ба маълумоти Девонаев, айни замон дар муассисаҳои боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилии Русия 241 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.