Мусодираи беш аз 90 кило маводи мухаддир дар Шӯрообод

Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД-и ҷумҳурӣ зимни як амалиёт беш аз 90 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати мазкур Мансур Бухориев хабар дод, кормандони раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи милисаи таъиноти махсус (ОМОН)-и ин вилоят дар ноҳияи наздисарҳадии […]

Наргис Ҳамробоева


Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД-и ҷумҳурӣ зимни як амалиёт беш аз 90 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати мазкур Мансур Бухориев хабар дод, кормандони раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи милисаи таъиноти махсус (ОМОН)-и ин вилоят дар ноҳияи наздисарҳадии Шӯрообод ба гумони даст доштандар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 25-солаи ноҳияи Восеъ Р.Н.-ро боздошт кардаанд. «Ҳангоми кофтуков аз ӯ 6 бастаи полиэтилении дорои маводи мухаддири гурӯҳи каннабис дарёфт шуд, ки вазни умумии он 90 килову 70 граммро ташкил дод», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, айни замон ҷиҳати муайян кардан ва боздошти афроди дигари дар ин ҷиноят дастдошта чораҳо андешида мешаванд.

Дар идома Бухориев изҳор кард, ки ғайр аз ин,  ахири ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Варзоб кормандони раёсат сокини 19-солаи шаҳри Душанбе Х.А.-ро низ ба гумони машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт кардаанд. «Ҳангоми кофтукови шахсии Х.А. аз ӯ 149 капсулаи дорои 958 грамм маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт вай.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон аз ҷониби кормандони тамоми воҳидҳои вазорат аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 843 кило маводи мухаддирро мусодира карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.