Роҳандозии ҳамкории Хадамоти муҳоҷират ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Чанде қабл дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори Хадамот С.А. Девонаев бо Котиби Генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Муҳаббатшоев баргузор гашт. Мақсад аз мулоқот ҳамкории судманд дар соҳаи муҳоҷират, беҳтар намудани шароит ва вазъи муҳоҷирон дар маҷмӯъ арзёбӣ шуд.  Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори Хадамот С.А. Девонаев бо Котиби Генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Муҳаббатшоев баргузор гашт. Мақсад аз мулоқот ҳамкории судманд дар соҳаи муҳоҷират, беҳтар намудани шароит ва вазъи муҳоҷирон дар маҷмӯъ арзёбӣ шуд.

 Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, рӯзҳои наздик имзои Созишномаи муштарак ва нақшаи чорабинӣ барои соли 2012 байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар назар гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо дастгирии Федератсияи минтақавии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон тайи 1,5 сол мешавад, ки лоиҳаи таҷрибавии Барномаи омӯзиши забони русӣ, истифодаи компютер, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва пешгирии бемориҳои Норасоии Масъунияти банад, сил, бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироятшавандаро дар ноҳияҳои Ашт ва Шаҳристони вилояти Суғд, ноҳияҳои Восеъ ва Панҷ дар вилояти Хатлон ва дар ВМКБ дар ноҳияи Роштқалъа ба роҳ мондааст.

«Чунин намуди омӯзишҳо барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кӯмаки хеле муфид ва бамаврид дониста мешавад», – афзудан дар хадамоти мазкур. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.