Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ cафири ғайримуқими Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хилел Нюманро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи Сафири Исроилро қабул намуд. Дар мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳо арзёбӣ ёфт ва таъкид карда шуд, ки ҷонибҳо баҳри рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва савдо диққати худро бештар ҷалб намоянд. Ҳ. Зарифӣ таъкид сохт, ки соҳаҳои кишоварзӣ, тиб, энергияи барқароршаванда ва технологияҳои нав самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ байни ду кишвар шуда метавонад.
Дар барқарор ва рушди ин муносибатҳо ҷамъияти яҳудиёни тоҷикистонӣ, ки даҳҳо ҳазорро дар Давлати Исроил ташкил медиҳанд, ба ҳайси купруки зинда хизмат карда метавонанд, тазаккур дод ҷаноби Х. Нюман.
Х.Нюман қайд намуд, ки баҳри рушди муносибатҳо тамоми ҷидду ҷаҳд ва малакаашро равона хоҳад кард.


