Ромодановский: Ҷорӣ кардани реҷаи раводид бо Тоҷикистон ғайриимкон аст

Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский бар ин назар аст, ки айни замон ҷорӣ сохтани реҷаи раводид миёни Русия ва як қатор кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон ғайриимкон аст . «Бо назардошти ташкили фазои ягонаи авруосиёӣ ва ҳамгиройии Русия бо кишварҳои қораи Осиё, ҷорӣ сохтани реҷаи раводид бо ин кишварҳо […]

ASIA-Plus


Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский бар ин назар аст, ки айни замон ҷорӣ сохтани реҷаи раводид миёни Русия ва як қатор кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон ғайриимкон аст

.

«Бо назардошти ташкили фазои ягонаи авруосиёӣ ва ҳамгиройии Русия бо кишварҳои қораи Осиё, ҷорӣ сохтани реҷаи раводид бо ин кишварҳо мувофиқи мақсад нест», – гуфтааст вай.

Дар идома номбурда зикр кардааст, ки иқтисоди Русия барои фаъолияти мӯътадил дар як сол ба 330 ҳазор муҳоҷири корӣ ниёз дорад.

Ба қавли ӯ, тибқи маълумоти омории ВКД-и Русия, ҳудуди 3,4%-и ҷиноёти содиршуда дар Русия ба муҳоҷирони корӣ рост меояд. Дар шаҳри Маскав ин нишондиҳанда ба 19% баробар аст.

«Муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба иқтисоди Русия хисороти зиёд ворид сохта, талафоти андоз аз он то ба 40 млрд. рубл мерасанд», – иброз доштааст вай.

Ҳудуди 1,7 ҳазор муҳоҷирони корӣ, ки сеяки онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, то судури қарори додгоҳ дар бораи истирдод аз Русия барои нақзи қонунгузории ин кишвар дар боздоштгоҳҳои махсус қарор доранд.

Нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки моҳи ноябр боздошт шуда буданд, Ромодановский гуфтааст, агар додгоҳ дар бораи ихроҷи онҳо аз Русия қарор қабул кунад, онҳо ба ватан фиристода хоҳанд шуд.

Роҳбари Хадамоти федералии мӯҳоҷирати Русия таъкид сохтааст, ки боздошти муҳоҷирини кории тоҷик ба «қазияи халабонон» вобаста набуда, қарори ошкор ва боздошти муҳоҷирини кории ғайриқонунӣ дар Маскав ҳанӯз моҳи сентябр зимни мулоқоти ӯ бо раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин қабул шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.