Қатли боз як тоҷик дар вилояти Маскав

Ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди президенти Тоҷикистон дар Русия оид ба қатли шаҳрванди Тоҷикистон маълумот расидааст. Як зан – шаҳрванди Русия, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, бо тел ефон занг зада, дархост намудааст, ки ба қазияи мазкур расидагӣ кунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти намояндагии ХМ дар Русия хабар доданд, кормандони хадамот […]

Аваз Юлдошев


Ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди президенти Тоҷикистон дар Русия оид ба қатли шаҳрванди Тоҷикистон маълумот расидааст. Як зан – шаҳрванди Русия, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, бо тел

ефон занг зада, дархост намудааст, ки ба қазияи мазкур расидагӣ кунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти намояндагии ХМ дар Русия хабар доданд, кормандони хадамот ба макони ҳодиса – шаҳри Любертсии вилояти Маскав рафта, ошкор сохтаанд, ки рӯзи 25-уми ноябр дар кӯчаи Киров миёни шаҳрванди Тоҷикистон Зокир Қурбонқулови 31-сола, сокини шаҳри Душанбе ва як шаҳрванди Русия, сокини шаҳри Саранск нофаҳмӣ рух дода, ҷанҷол мешавад.

«Баъди чанде, тахминан соатҳои 21:00 ҳамсояҳо З.Қурбонгулови ҷароҳатбардоштаро дида, бародари ӯ – Маҳмадҷонро огоҳ месозанд. Мошинии ёрии таъҷилии тиббӣ ҷароҳатбардоштаро ба беморхонаи марказии шаҳр интиқол додааст, вале соатҳои 2-и шаб ӯ аз захмҳои гирифтаи корд ба ҳалокат расидааст», – гуфтанд дар намояндагии хадамот.

Бино ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Гумонбаршуда дар содир намудани ҷинояти мазкур, сокини шаҳри Саранск боздошт шуда, корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд. Айни замон намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ҷиҳати кумак расонидан ба оилаи фавтида чораҳо андешида, ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкурро таҳти назорат қарор дорад», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.