Мансабдори дастдошта ба қаллобии марбут ба ҳаҷ ҷарима баста шуд

Собиқ сардори Раёсати умури дини вилояти Хатлон Бобохон Шарбатов бо қарори додгоҳ ба маблағи 44 ҳазору 560 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд. Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Шарбатовро мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 247 (Қаллобӣ) ва 320 (Додани пора) гунаҳкор донист. Пас аз содир шудани ҳукм Шарбатов аз толори додгоҳ озод карда шуд. Раисикунандаи мурофиа додрас Темур […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Собиқ сардори Раёсати умури дини вилояти Хатлон Бобохон Шарбатов бо қарори додгоҳ ба маблағи 44 ҳазору 560 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Шарбатовро мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 247 (Қаллобӣ) ва 320 (Додани пора) гунаҳкор донист. Пас аз содир шудани ҳукм Шарбатов аз толори додгоҳ озод карда шуд.

Раисикунандаи мурофиа додрас Темур Боев зикр кард, ки дар ҷараёни баррасии ин қазия гуноҳи маҳкумшуда пурра исботи худро ёфтааст, вале бо назардошти тавсифномаи мусбати Шарбатов, иштирокчии рафъи оқибатҳои садамаи Чернобил буданаш ва дар тарбияи ӯ қарор доштани 4 кӯдаки ноболиғу ягона таъминкунандаи рӯзгори оилаи худ будани ӯ, қарор шудааст нисбати Шарбатов чораи ҷазои зиндонӣ шудан истифода нагардад.

Додгоҳ дархости адвокат дар бораи он ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ худашон ӯро ба пешниҳоди пора дар ҳаҷми 2 ҳазор доллари ИМА водор сохтаанд, рад кард.

Маблағи умумии ҷаримаи аз ҷониби додгоҳ таъиншуда 45,5 ҳазор сомониро ташкил дод, вале бо назардошти муддати 55 рӯз дар боздоштгоҳ қарор доштани Шарбатов, маблағи ҷарима то 44 ҳазору 560 сомонӣ кам гардид.

Додгоҳ оид ба мусодираи амволи маҳкумшуда низ қарор қабул карда, ба ӯ дар муддати 5 сол ишғоли вазифаи роҳбарӣ дар мақомоти давлатиро манъ сохт.

Искандар Куганов, адвокати Б.Шарбатов пас аз содир шудани ҳукм изҳор кард, ки зерҳимояи ӯ аз ҳукми додгоҳ қаноатманд буда, аз боли он шикоят бурданӣ нест.

Ёдрас мекунем, ки сардори шӯъбаи умури дини вилояти Хатлон Бобохон Шарбатов аввали моҳи октябр ба гумони даст доштан дар порадиҳиву қаллобӣ боздошт шуд. Тавре қаблан хабар дода шуда буд, Раёсати Кумитаи амнияти миллии вилоят дар ин шӯъба санҷиш доир сохта, як қатор камбудиҳоро ошкор сохтааст. Шарбатов кӯшиш карда буд, ки ба кормандони ин раёсат пора диҳад, то аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардад.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, Шарбатов аз зоирин барои адои маросими ҳаҷ пардохти иловагӣ ба маблағи 22 ҳазор сомониву 226 сомониро талаб мекардааст. Тамоми маблағи мазкур дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ баргардонида шуд.

Соли равон барои вилояти Хатлон 1 ҳазору 673 квота барои адо намудани маросими ҳаҷ ҷудо гардида буд.


Акс аз радиои «Озодӣ».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.