БАОР имкони иштирок дар лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи «Норак»-ро баррасӣ мекунад

Бонки авруосиёии рушд (БАОР) имкони иштирок дар лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи обию барқии «Норак»-ро баррасӣ мекунад. Тавре хадамоти матбуоти бонк хабар медиҳад, чанде пеш ҳайати БАОР таҳти сарварии муовини раиси раёсати бонк Камбар Шалгимбоев дар шаҳри Душанбе бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов гуфтушунид анҷом дод. «Зимни мулоқот ҷонибҳо самтҳо ва дурнамои фаъолияти сармоягузории БАОР дар қаламрави […]

Пайрав Чоршанбиев


Бонки авруосиёии рушд (БАОР) имкони иштирок дар лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи обию барқии «Норак»-ро баррасӣ мекунад.

Тавре хадамоти матбуоти бонк хабар медиҳад, чанде пеш ҳайати БАОР таҳти сарварии муовини раиси раёсати бонк Камбар Шалгимбоев дар шаҳри Душанбе бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов гуфтушунид анҷом дод.

«Зимни мулоқот ҷонибҳо самтҳо ва дурнамои фаъолияти сармоягузории БАОР дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд, – омадааст дар хабар. – Масъалаи имкони ҷалби воситаҳои бонк ва Фонди зиддибӯҳронӣ барои амалисозии лоиҳаи сармоягузории «Таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи Норак», ки ҳукумати Тоҷикистон онро ба шумори вазифаҳои афзалиятнок дар бахши энергетика барои солҳои 2010-2015 дохил кардааст, дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор дошт. Арзиши тахминии лоиҳа ҳудуди 300 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад».

Нерӯгоҳи обиву барқии «Норак» аз чор се ҳиссаи талаботи Тоҷикистон ба нерӯи барқро таъмин сохта, бо истифода аз технологияи муосир ба таҷдиду навсозии таҷҳизоти асосӣ ва ёридиҳанда ниёз дорад. Нерӯгоҳи мазкур бо иқтидори 3 ҳазор МВт соли 1972 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, агрегати охирини он соли 1979 ба истифода дода шуд.

Ёдрас мекунем, ки Бонки авруосиёии рушд созмони байнулмилалии молиявӣ буда, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва густариши равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақаи Аврупову Осиё таъсис дода шудааст. Бонки мазкур дар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Қазоқистон соли 2006 бо ташаббуси сарони ин кишварҳо таъсис ёфт. Ҳаҷми сармояи оинномавии БАОР беш аз 1,5 млрд доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Кишварҳои узви бонк Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус ва Қирғизистон мебошанд.

Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар ҳаҷми 8,513 млрд. доллари ИМА 9-уми июни соли 2009 аз ҷониби ҳукуматҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.