Сафири Русия боз ба ВКХ даъват карда шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Попов ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд. Тавре аз деапртаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масъалаи афзоиши теъдоди ҳодисаҳои содиршавии амалиёти зӯроварии золимона нисбати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, муҳокима гардид. Ба иттилои […]


Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Попов ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.

Тавре аз деапртаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масъалаи афзоиши теъдоди ҳодисаҳои содиршавии амалиёти зӯроварии золимона нисбати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, муҳокима гардид.

Ба иттилои манбаъ, вазорат оид ба чунин ҳодисаҳо, ки вақтҳои охир рӯ ба афзоиш доранд, изҳори нигаронӣ намуд ва иброз дошт, ки куштори ваҳшиёнаи шаҳрвандони Тоҷикистон Расулов Бахтиёр Ғафорович ва Қурбонқулов Зокир Чориқулович хашму ғазаби тоҷикистониёнро овардааст.

Аз ҷониби Вазорат таъкид гардид, ки ин гуна воқеаҳо метавонанд пайомади маъракае, ки чанде қабл аз ҷониби баъзе шахсони ҷамъиятӣ ва расонаҳои хабарии Россия бар зидди муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон пиёда шуда буд, бошанд ва зарурати хотима бахшидани ташаннуҷсозии вазъ дар ин мавзӯъ аз ҷониби ВАО-и Россия таъкид карда шуд.

Қайд гардид, ки чунин амалиёт метавонад ба болоравии ҳисси бадбинӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон оварда расонад, ки ба муносибатҳои дуҷониба зарари ҷиддие расонида метавонад.

Изҳор карда шуд, ки ҷониби Россияро зарур аст, то оид ба ҷустуҷӯ ва ҷазо додани ҷинояткорон, ҳамчунин барои пешгирии чунин ҳодисаҳо дар оянда тадбирҳои қатъӣ андешад.

Сафири Россия итминон дод, ки ба роҳбарияти худ оид ба сӯҳбати доиргардида хабар мерасонад ва дар бораи чораҳои андешидашуда ва рафти тафтишот иттилоъ хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.