Баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон

Чанде қабл дар бинои маъмурияти давлатии ноҳияи Лайлаки шаҳри Исфанаи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии корӣ оид ба баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои сарҳадӣ байни ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ғончии вилояти Суғд ва ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар вохӯрӣ 16 нафар намояндагон аз […]


Чанде қабл дар бинои маъмурияти давлатии ноҳияи Лайлаки шаҳри Исфанаи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии корӣ оид ба баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои сарҳадӣ байни ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ғончии вилояти Суғд ва ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар вохӯрӣ 16 нафар намояндагон аз вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва 32 нафар намояндагон аз вилояти Суғд ва ҳамчунин намояндагон аз шӯъбаи корҳои дохилӣ, идораи гумрук, идораи об, хоҷагии ҷангал ва раисони ҷамоатҳое, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошанд, иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати кориро аз вилояти Суғд муовини якуми Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва аз Ҷумҳурии Қирғизистон муовини Губернатори вилояти Боткент Саидҷон Эратов роҳбарӣ карданд.

Зимнан зикр гардид, ки вохӯрии мазкур асосан масъалаҳои ҳамкории ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2012 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.