Русия механизми алтернативии танзими раванди муҳоҷирати кориро ҷорӣ месозад

Зимни кори мизи гирд таҳти унвони «Муҳоҷирати корӣ ба Русия: паҳлӯҳои мусбату манфӣ» дар шаҳри Санкт-Петербург ёвари сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Виталий Илченко изҳор кард, ки Русия механизми алтернативии танзими раванди муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Тоҷикистонро ҷорӣ мекунад. «Чунин механизм интихобест, ки он ҳадафмандона ташкил мегардад, яъне дар давлатҳое, ки […]


Зимни кори мизи гирд таҳти унвони «Муҳоҷирати корӣ ба Русия: паҳлӯҳои мусбату манфӣ» дар шаҳри Санкт-Петербург ёвари сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Виталий Илченко изҳор кард, ки Русия механизми алтернативии танзими раванди муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Тоҷикистонро ҷорӣ мекунад.

«Чунин механизм интихобест, ки он ҳадафмандона ташкил мегардад, яъне дар давлатҳое, ки муҳоҷирони кориро қабул мекунанд, заминаи маълумотномаи ҷойҳои кории холӣ ва дар кишваре, ки аз он шаҳрвандон муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд, заминаи маълумотномаи коргарон ташкил мегардад. Мутаносибан, ба Русия коргарони мушаххас сафарбар мешаванд, ки бо корфармо қарордоди меҳнатӣ доранду он будубоши қонунӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳоро таъмин менамояд», – шарҳ дод Илченко.

Ӯ иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон ба ин кор КВД «Тоҷиквнештур» ва дар Русия КВДФ «Паспортно-визовый сервис» машғуланд. «Механизми ҳадафмандонаи интихоб якчанд моҳ пештар ба кор оғоз кард ва дар доираи он аллакай зиёда аз 100 нафар муҳоҷирони кории тоҷик ба шаҳри Санкт-Петербург омада, соҳиби ҷойҳои корӣ гардиданд», – иброз дошт номбурда.

Илченко ҳамчунин иброз дошт, ки дар зарфи се соли ахир симои нави муҳоҷири меҳнатӣ ташаккул ёфтааст ва «акнун симои нави корфарморо дидан мехоҳем». «Аз ин рӯ, назорат аз болои риояи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирони корӣ аз ҷониби корфармоён пурзӯр карда мешавад», – гуфт ӯ.

Вай афзуд, айни замон масъалаи имкони баргузории муоинаи тиббии муҳоҷирон дар ватан пеш аз сафар мавриди баррасиву таҳия қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.