Пешгирии интиқоли маводи мухаддир ба Маскав дар фурудгоҳи Хуҷанд

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз кӯшиши интиқоли навбатии як миқдор маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, чанде пеш кормандони раёсати агентӣ дар вилояти Суғд зимни азназаргузаронии мусофирони хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Маскав ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини шаҳри Чкаловскро […]


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз кӯшиши интиқоли навбатии як миқдор маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, чанде пеш кормандони раёсати агентӣ дар вилояти Суғд зимни азназаргузаронии мусофирони хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Маскав ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини шаҳри Чкаловскро боздошт намуданд, ки қаблан низ барои авбошӣ маҳкум шуда будааст.

«Ин шахс ба озодӣ баромада, барои худ ҳеҷ хулосае ҳосил накардааст ва боз даст ба ҷиноят зад. Ин дафъа ӯ ният дошт, ки дар дохили меъдааш 57 адад капсулаи махсуси дорои маводи мухаддири сахттаъсири героинро ба Русия интиқол диҳад. Вазни умумии маводи мухаддири мавҷуда дар капсулаҳо ҳудуди 250 граммро ташкил дод», – гуфтанд дар агентӣ.

Зикр гардид, ки аз рӯи ин далел дар шӯъбаи тафтишоти агентӣ мутобиқи моддаҳои 200, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289, қ. 2 (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.