Нигаронии Шукурҷон Зуҳуров аз қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди тоҷик дар Санкт-Петербург

Имрӯз зимни ифтитоҳи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров нисбат ба қазияи қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди тоҷик Бахтиёр Расулов дар шаҳри Санкт-Петербург изҳори назар карда, ин ҷиноятро қотеъона маҳкум намуд. Раиси МН МО ҶТ ба наздикону хешовандони фавтида изҳори ҳамдардӣ намуда, гуфт, прокурори генералии Русия ва мақомоти шаҳрдории […]


Имрӯз зимни ифтитоҳи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров нисбат ба қазияи қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди тоҷик Бахтиёр Расулов дар шаҳри Санкт-Петербург изҳори назар карда, ин ҷиноятро қотеъона маҳкум намуд.

Раиси МН МО ҶТ ба наздикону хешовандони фавтида изҳори ҳамдардӣ намуда, гуфт, прокурори генералии Русия ва мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербург бояд ин далелро дақиқан мавриди тафтиш қарор диҳанд.

«Ин ҳодисаи аввалин нест, ки дар қаламрави Русия нисбати тоҷикон ба ин монанд ҷиноёти мудҳишу бераҳмона содир карда мешавад. «Мо аз мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Русия талаб менамоем, ки дар кори ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон чораҳои ҷиддиву амалӣ ва муассир андешида шавад», – иброз дошт вай.

Дар идома Ш.Зуҳуров зикр кард, ки ояндаи наздик бо супориши ӯ раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов ба шаҳри Санкт-Петербург сафарбар мешавад.

« Дар он ҷо ҷаноби Ватанов бевосита бо ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкур шинос шуда, бо сохторҳои қудратии дахлдори шаҳри Санкт_Петербург дидору гуфтушунид мекунад ва пас аз бозгашт аз натиҷаҳои сафар вакилонро огоҳ месозад», – афзуд раиси МН МО ҶТ.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.