Дар Киев масоили омодагӣ ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Украина баррасӣ шуд

Date:


Дар шаҳри Киев мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо муовини визири корҳои хориҷии Украина Виктор Майко баргузор шуд.

Тавре аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Украина хабар доданд, дар ҷараёни гуфтушуниди кориву дӯстона масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ шуда, ба масъалаи омодагӣ ба сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Украина, ки нимаи дуюми моҳи декабри соли равон ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар остонаи сафари сарвари давлати Тоҷикистон баргузор шудани ҷаласаи III-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба масоили иқтисодиро, ки дар пойтахти Украина рӯзҳои 5-6-уми декабр доир мегардад, ҷонибҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур баррасии самтҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетикаву саноат, сохтмон, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, илм, фарҳанг ва омодасозии кадрҳо дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар асноди ниҳоии дар ҷаласаи байниҳукуматӣ қабулшуда ворид сохтани як қатор пешниҳодот дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак, амалисозии лоиҳаҳои мутақобилан судманди сармоягузорӣ ва барномаҳо дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related