Мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷират бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Маскав

Ахири ҳафтаи гузашта дар сафорати Тоҷикистон дар Русия мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиалло Девонаев бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳамватанон аз диаспораҳои тоҷик дар Русия баргузор шуд, ки дар он ҳайати диаспораҳо аз шаҳрҳои Қазон, Уфа, Санкт-Петербург, Новосибирск, Новокузнетск, Ярославл, Рязан, Липетск, Маскав, Нижний Новгород, Тюмен ва Омск иштирок карданд. Тавре ба ОИ […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта дар сафорати Тоҷикистон дар Русия мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиалло Девонаев бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳамватанон аз диаспораҳои тоҷик дар Русия баргузор шуд, ки дар он ҳайати диаспораҳо аз шаҳрҳои Қазон, Уфа, Санкт-Петербург, Новосибирск, Новокузнетск, Ярославл, Рязан, Липетск, Маскав, Нижний Новгород, Тюмен ва Омск иштирок карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба мулоқот ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи Тоҷикистон ба усулҳои ҳамкории шариконаи стратегиро таъкид сохт ва изҳор кард, ки диаспора дар ин раванд бояд нақш мусбат дошта, ба ваҳдату муттаҳидӣ бикӯшад.

Ба иттилои манбаъ, Сафиалло Девонаев зимни суханронӣ бо пешниҳоди арқоми мушаххас оид ба вазъи муҳоҷират дар Русия маълумот дод. «Роҳбари Хадамоти муҳоҷират таъкид кард, ки дар баҳодиҳӣ ба вазъи марбут ба муҳоҷирон мебояд ба ахбори расмӣ такя намуда, аз шарҳу тафсири мустақилонаву озодона худдорӣ варзид, зеро ахиран афроди ҷудогона ба худ ҳуқуқи аз номи муҳоҷирони корӣ ва ҳатто дар маҷмӯъ тамоми мардуми тоҷик сухан гуфтанро додаанд. Чунин амалҳо ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ва манфиатҳои худи муҳоҷирон мусоидат намекунад. Гузашта аз ин, кӯшишҳои истифодаи масъалаи муҳоҷирон барои ҳадафҳои сиёсӣ низ ба мушоҳида мерасанд», – таъкид кард манбаъ.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон марҳила ба марҳила бо истифода аз тамоми имконоту механизмҳо масъалаҳои беҳбуди вазъи муҳоҷирони кориро ба иҷро мерасонад ва дар ин самт нақши муҳими созмонҳои ҷамъиятии диаспораҳои тоҷик дар Русияро таъкид менамояд.

«Дар анҷом иштирокчиёни мулоқот қабули Изҳорот ба ҳамватанони муқими Русияро пешниҳод карданд. Роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии диаспораҳо кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ баҳри ҳалли мушкилоти муҳоҷирати кориро дастгирӣ намуда, аз ҳамватанон даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ҳалли масоили зикршуда ҳамаҷониба мусоидат намоянд», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.