ВКД ҶТ: Се нафар кормандони ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур аз вазифа сабукдӯш шуданд

Дар натиҷаи тафтишоти дохилии ВКД-и Тоҷикистон дар робита ба қазияе, ки дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмаснури пойтахт ба вуқӯъ пайваст, се нафар кормандони шӯъбаи мазкур аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Қазия ба интиқоли гумонбаршуда ба як қатор амали дуздӣ Баҳромиддин Шодиеви 28-сола дар ҳолати вазнин ба Маркази миллии тиббӣ рабт дошт, ки пас аз ҷарроҳӣ […]

Наргис Ҳамробоева


Дар натиҷаи тафтишоти дохилии ВКД-и Тоҷикистон дар робита ба қазияе, ки дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмаснури пойтахт ба вуқӯъ пайваст, се нафар кормандони шӯъбаи мазкур аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Қазия ба интиқоли гумонбаршуда ба як қатор амали дуздӣ Баҳромиддин Шодиеви 28-сола дар ҳолати вазнин ба Маркази миллии тиббӣ рабт дошт, ки пас аз ҷарроҳӣ ӯ ба ҳалокат расида буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, барои риоя накардани меъёрҳои тартиботи бозпурсӣ муфаттиши масъули парвандаҳо оид ба дуздӣ ва ду нафар кормандоне, ки Шодиевро боздошт карда буданд, аз вазифаашон сабукдӯш гардиданд. Айни замон ному насаби кормандони аз мансаб озодшуда маълум нест.

Баҳромиддин Шодиев рӯзи 19-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Гумонбаршуда ба содир кардани як қатор амалҳои дуздӣ баъди аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ мунтақил шудан ба ҳалокат расид. Мутобиқи фарзияи кормандони милиса, Шодиев пас аз боздошт аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афканда, ба ҳалокат расидааст.  

«Баҳромиддин Шодиев қаблан се бор маҳкум шуда, ӯ ба гумони даст доштан дар содир намудани як қатор амалҳои дуздӣ боздошт гардид. Ҳамаи далелҳо исбот ва гумонбаршуда гуноҳи худро эътироф карда, далелҳои шайъӣ мусодира гардида буданд. Ҳангоми бозпурсӣ дар назди муфаттиш ӯ аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афканд. Сипас ӯро ба бемористон мунтақил карданд. Пас аз чанде вазъи саломатии  ӯ беҳтар шуд, вале Шодиев бар асари бемории узвҳои дохилӣ ва касалии сил ба ҳалокат расид», – хабар дода буд ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД-и ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев.

Тибқи фарзияи дигар, ки аз ҷониби хешовандони фавтида садо дод, Шодиев дар шӯъбаи милиса мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз фавтидааст.

Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Эътилофи Ташкилоти ғайриҳукуматӣ (ТҒҲ)-и мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҳукуматдорон даъват ба амал овард, ки тафтишоти фаврӣ ва дақиқи қазияи марги сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Баҳромиддин Шодиевро баргузор намоянд.

Аз ҷумла дар изҳороти ташкилот гуфта мешуд, «эътилоф аз ҳукуматдорон талаб мекунад, ки бобати ин қазия фавран тафтишоти мустақил ва беғаразонаву дақиқ гузаронида шуда, ба пешниҳоди маърази ом гардонидани он кафолат дода шавад.  Ҳамчунин мутобиқи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф , айбдоршавандагон бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио