Омбудсмен: Қазия дар ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур бояд дақиқан тафтиш шавад

Date:


Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода мӯътақид аст, ки ҳодисаи бо сокини Душанбе дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рухдода, бояд мавриди тафтиши дақиқ карор гирад. Ҳодиса ба интиқоли гумонбаршуда ба як қатор амали дуздӣ Баҳромиддин Шодиеви 28-сола дар ҳолати вазнин аз шӯъбаи мазкур ба Маркази миллии тиббӣ рабт дошт, ки пас аз ҷарроҳӣ ӯ ба ҳалокат расида буд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Зарфи Ализода изҳор кард, ки шӯъба ба ин масъала машуғул аст. «Айни замон мо имконоти худро омӯхта истодаем. Мо бо мақомоте, ки ҳодисаи мазкурро тафтиш мекунанд, вомехӯрем», – гуфт вай.

Омбудсмен мегӯяд, ваколатҳояш он қадр зиёд нестанд. «Феълан мо лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон»-ро мавриди таҳия қарор дорем. Мо тағйиротеро пешниҳод менамоем, то ки бар асоси он  ба омбудсмен барои дар марҳилаи тафтишот бо парвандаҳои ҷиноиву маъмурӣ шинос шудан ҳуқуқ дода шавад. Айни замон ин масъала бо тамоми вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, онҳо пешниҳодоти моро дастгирӣ намуданд», – гуфт Ализода.

«Албатта, омбудсмен метавонад бобати ин ё он масъала изҳорот баён намояд ё тавсия пешниҳод кунад, вале дар парвандаҳои ҷиноӣ мо чунин ваколатҳои зиёдро надорем», – идома дод ӯ ва аз ҳодисаи ба ин монанд, ки баҳори соли равон дар шаҳри Душанбе бо Сафаралӣ Сангов рух дод ёдовар шуд.

«Оид ба парвандаи Сангов ман бо прокурори генералӣ вохӯрда, ҷараёни тафтишотро пайгирӣ кардам ва намояндаи мо дар суд иштирок кард. Дар муддати начандон зиёд ин аллакай дуввумин ҳодиса аст ва моро зарур аст, ки ин масъаларо ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор диҳем», – гуфт омбудсмени Тоҷикистон.

Ӯ зикр кард, ки бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, соли равон нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 16 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ба истифодаи шиканҷа марбутанд. «Аз ин шумор 13 парванда аллакай дар суд баррасӣ шуда, гунаҳкорон маҳкум шуданд ва ин гувоҳи он аст, ки далелҳои истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон ҷой доранд ва мо бояд бо ин зуҳурот мубориза барем», – мегӯяд Ализода.

Ӯ умедвор аст, ки бо ворид сохтани моддаи алоҳида ба Кодекси ҷиноии ҶТ дар бораи шиканҷа, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тақвият ёфта, шумори чунин ҳодисаҳо коҳиш меёбад. «Дар бораи лоиҳаи ин қонун мо хулосаҳои худро пешниҳод намудем ва онро дастгирӣ мекунем», – таъкид сохт омбудсмен.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...