Маҳкум шудани 28 нафар иштирокчиёни рӯйдодҳои Рашт

Дар Тоҷикистон нисбат ба 28 нафар сокинони водии Рашт, ки ба шарикиву дастгирӣ ба гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ муттаҳам дониста мешаванд, ҳукми додгоҳ содир шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Додгоҳи олии ҶТ хабар дод, ҳафт нафар аз маҳкумшудагон – Ҳайдар Бобоев, Нозимҷон Баҳодуров, Ҷамшед Носиров, Ҷамшед Раибов, Сунъатулло Шукуров ва Рустам Тоҳирҷонов рӯзи […]

Наргис Ҳамробоева


Дар Тоҷикистон нисбат ба 28 нафар сокинони водии Рашт, ки ба шарикиву дастгирӣ ба гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ муттаҳам дониста мешаванд, ҳукми додгоҳ содир шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Додгоҳи олии ҶТ хабар дод, ҳафт нафар аз маҳкумшудагон – Ҳайдар Бобоев, Нозимҷон Баҳодуров, Ҷамшед Носиров, Ҷамшед Раибов, Сунъатулло Шукуров ва Рустам Тоҳирҷонов рӯзи 9-уми ноябр ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Боқимонда ба муддатҳои гуногуни маҳрум шудан аз озодӣ то 30 сол маҳкум гардиданд Миёни онҳо падари яке аз собиқ қумондонҳои саҳроӣ – Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) – Музафар Давлатов ҳузур дорад, ки барои дастгирии ҷангиён ба муддати 7 сол равонаи зиндон гардид.

Аз ин гурӯҳ се нафар барои огоҳ накардан дар бораи содир кардани ҷиноят нисбатан ба ҷазоҳои сабук – аз 2 то 3 сол маҳкум шуданд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон маҳкумшадгон то ба ҳукми қонунӣ гирифтани ҳалномаи додгоҳ дар тавқифгоҳи муваққатии Кумита давлатии амнияти миллӣ қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки 19-уми сентябри соли гузашта дар водии Камароби ноҳияи Рашт бар асари ҳуҷуми мусаллаҳонаи ҷангиён ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ 28 нафар сарбозону афсарон ба ҳалокат расиданд.

Ҳукуматдорон тамоми масъулияти ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба дӯши гурӯҳҳои ҷангиёни собиқ қумондонҳои саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) вогузор намуданд.

Пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор дар минтақаи шимоли кишвар амалиёти махсуси густардаи нерӯҳои ҳукуматӣ ҷиҳати аз ҷангиёни мухолиф озод кардани водии Рашт оғоз гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.