Афзоиши шумори мубталоёни бемории СПИД дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон шумори мубталоёни бемории вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният (ВИЧ/СПИД) ба 741 нафар расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори маркази мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният (ВИЧ/СПИД)-и вилояти Хатлон Даврон Қунғуротов хабар дод, шумори чунин беморон дар муқоиса бо аввали соли равон ба […]

Сайраҳмон Назриев


Дар вилояти Хатлон шумори мубталоёни бемории вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният (ВИЧ/СПИД) ба 741 нафар расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори маркази мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният (ВИЧ/СПИД)-и вилояти Хатлон Даврон Қунғуротов хабар дод, шумори чунин беморон дар муқоиса бо аввали соли равон ба миқдори 200 нафар зиёд шуда, 547 нафарашонро мардон ва 194 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки миёни онҳо 15 нафарашон ноболиғонанд.

Ба гуфтаи вай, шумори бештари мубталоёни ин беморӣ дар шаҳри Кӯлоб сабт шудааст, ки 281 нафарро ташкил медиҳад ва 217 нафари онҳо ба табобат фаро гирифта шудаанд. «Аксари мубталоёни ин беморӣ ба табибон муроҷиат намекунанд, ки дар натиҷа соли равон дар вилоят 38 нафар мубталоёни ин беморӣ ба ҳалокат расиданд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, афзоиши шумори чунин беморон ба муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста аст, зеро муҳоҷирони тоҷик маҳз дар кишвари бегона ба чунин беморӣ гирифтор мешаванд.

«Дар кори пешгирӣ ва мубориза бо бемории СПИД воҳидҳои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ фаъоланд ва агар дигар мақомоти дахлдор низ дар ҳамдастӣ кор мекарданд, мо ба натиҷаҳои назаррас мерасидем», – афзуд Д. Қунғуротов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.