Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи савдо ва саноати Сан-Баои Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон корхонаи сементбарории иқтидораш 1 миллион тонна бунёд кунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ин ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ дирӯз дар ҷараёни вохӯрии раиси палата Шариф Саид бо ҳайати корпоратсияи чиноии Сан-Бао ба сарварии муовини сарвари кулли корпоратсия – Гао Чжизун баррасӣ гардид.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни сафар намояндагони ширкати чиноӣ мавзеъи сохтмони корхонаи сементро муайян намуда, бо шароитҳои маҳаллӣ шинос хоҳанд гашт.
Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки заминаи ҳуқуқӣ барои татбиқи ин лоиҳа – Созишнома дар бораи бунёди корхонаи семент дар Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, президенти Корпоратсияи савдо ва саноати Сан-Баои Синзян ва раиси ширкати байналмилалии захиравии Синзян дар ярмаркаи Урумчӣ ба тасвиб расид. Мувофиқи ин санад, корхонаи семент пурра аз ҳисоби маблағҳои ҷониби Чин бунёд хоҳад ёфт.



