Суғд: Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба комиссари ҳарбӣ барои даъвати донишҷӯ

Барои ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани донишҷӯ нисбат ба комиссари ҳарбии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Хуршед Қобилов парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, прокуратураи ноҳияи Зафаробод нисбат ба Х.Қобилов мутобиқи моддаи 316, қ. 1-и КҶ ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст. Ба […]

Мавлуда Рафиева


Барои ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани донишҷӯ нисбат ба комиссари ҳарбии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Хуршед Қобилов парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, прокуратураи ноҳияи Зафаробод нисбат ба Х.Қобилов мутобиқи моддаи 316, қ. 1-и КҶ ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки комиссари ҳарбӣ бо суистеъмол аз ваколатҳои мансабиаш ва нодида гирифтани талаботи моддаи 21, қ. 2, банди «б»-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» донишҷӯйи курси 1-уми шӯъбаи рӯзонаи техникуми политехникии ноҳияи Зафаробод, И.Д.-и 19-соларо ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудааст.

«Дар натиҷаи ин амалкард ҳуқуқҳои конститутсионии И.Д. ба таҳсил поймол карда шуданд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки тафтишоти далели мазкур идома дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.