Шикояти кассатсионии адвокати халабонони маҳкумшуда

Халабонони маҳкумшуда ва адвокати онҳо аз болои ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа шикояти кассатсионӣ бурданд. Тавр е ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Ғулом Бобоев хабар дод, шикоят дар зиёда аз 50 саҳифа тартиб дода шуда, ҳам далелҳои халабонон ва ҳам далелҳои ҷониби ҳимояро дарбар мегирад. «Чанде пештар ман шикоятро ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа супурдам ва аз он […]

Наргис Ҳамробоева/Сайраҳмон Назриев


Халабонони маҳкумшуда ва адвокати онҳо аз болои ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа шикояти кассатсионӣ бурданд.

Тавр е ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Ғулом Бобоев хабар дод, шикоят дар зиёда аз 50 саҳифа тартиб дода шуда, ҳам далелҳои халабонон ва ҳам далелҳои ҷониби ҳимояро дарбар мегирад.

«Чанде пештар ман шикоятро ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа супурдам ва аз он ҷо шикоят бояд ба зинаи болоӣ – суди вилояти Хатлон фиристода шавад. Дар муддати як ҳафта шикоят бояд баррасӣ шавад», – гуфт вай.

Бобоев қайд кард, ки халабонон худро аз рӯйи се модда гунаҳкор намешуморанд ва ба ҳукми содирушад қатъиян розӣ нестанд. «Дар шикоят онҳо муқобили ҳукми суд далелҳои асоснок пешниҳод менамоянд. Аз ҷумла, дар робита ба айбдорӣ ба қочоқ онҳо мегӯянд, агар онҳо маҳсулоти қочоқ медоштанд, пас чаро кормандони гумруки фурудгоҳ ҳарду ҳавопайморо аз назар гузаронида, дар бораи мавҷуд набудани бори ғайриқонунӣ санад тартиб доданд? Ногуфта намонад, ки ин санад ба парвандаи ҷиноӣ замима шудааст. Лаҳзаи дигар ба убури ғайриқонунии сарҳад марбут аст. Вале чаро дар шаҳодатномаҳои шахсият (шиносномаҳо)-и халабонон мӯҳри гузаргоҳи назоратии шаҳри Кобул мавҷуд аст?», – мегӯяд адвокат.

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов ҷиҳати машврат бо мақомоти раҳбарии Вазорати корҳои хориҷии Русия ба Маскав рафт. Чанде қабл Юрий Попов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қазияи мазкурро баррасӣ карданд.

Ба гуфтаи мушовир-сафири намояндагии дипломатии Русия Владимир Ваниев, дар ин мулоқот «ҷониби Тоҷикистон изҳор кардааст, ки ба масъала расидагӣ хоҳад кард, то ки ба муносибатҳои ду кишвар халал ворид нагардад». Ваниев афзуд, дар ин қазия бисёр чиз ба суди зинаи болоӣ вобаста аст. «Суд суд аст ва меъёрҳои конститутсионӣ низ мавҷуданд», – илова кард номбурда.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.