Дар Восеъ бемористони клиникии бемориҳои сил ифтитоҳ мегардад

Date:


Ояндаи наздик дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бемористони нави клиникии бемориҳои сил ба истифода дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази мубориза бо бемории сили вилояти Хатлон Сӯҳроб Камолов хабар дод, бемористон барои муолиҷаи беморони як қатор ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоти тиббии муосир таъмин карда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, сохтмони ба ин монанд бемористонҳо дар ноҳияҳои Панҷ ва Шаҳритӯс низ идома дошта, моҳи гузашта дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чунин марказ мавриди истифода қарор гирифт.

«Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо маблағгузории созмони байнулмилалӣ сохтмони дармонгоҳи бемориҳои сили вилоятӣ идома дорад», – гуфт Камолов.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соли равон дар вилоят 2 ҳазору 476 нафар шаҳрвандони бори нахуст ба бемории сил гирифторшуда ба қайд гирифта шудаанд, ки 276 нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. «Айни замон дар вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 4,5 ҳазор мубталоёни бемории сил сабт шуда, ҳамаи онҳо таҳти назорати доимии табибон қарор доранд ва ҳамчун кӯмаки башардӯстона бо маводи ғизоӣ таъмин карда мешаванд», – афзуд ӯ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...