Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон сафар кард. Имрӯз президенти Тоҷикистон бо нахуствазири Олмон Ангела Меркел ва президенти ин кишвар Кристиан Вулф гуфтушунид хоҳад кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз парлумони Олмон боздид намуда, бо вакилони Бундестаг мулоқот анҷом хоҳад дод. Дар чаҳорчӯби сафар баимзорасии як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, тандурустӣ ва иктишофи геологӣ дар назар аст.
Ҳамчунин дар Олмон мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони диаспораи тоҷик ба нақша гирифта шудааст. Президенти Тоҷикистон инчунин ният дорад, ки бо фаъолияти консерни байнулмилалии «Сименс» аз наздик ошно гардад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, соли 2010 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Олмон 31,38 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар доираи амалисозии стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ Олмон дар татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои волоияти қонун, маориф, рушди устувори иқтисод, ҳифзи марз ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин соҳаи энергетикаву истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ фаъолона ширкат меварзад. Танҳо тайи даҳ соли ахир Олмон ба Тоҷикистон ҳудуди 123 млн. Евро маблағгузорӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 12-уми декабр озими Олмон шуд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳамроҳӣ мекунанд.
Пас аз анҷоми сафари расмӣ ба Олмон президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Украина ташриф меорад. Рӯзҳои 14-16-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Украина Виктор Янукович дидору гуфтушунид хоҳад кард.


