Хулосаи ташхиси генетикӣ: Шахси ваҳшиёна кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон аст

Тибқи хулосаи ташхиси генетикӣ, шаҳрванди оташзадаву бесари дар яке аз деҳаҳои вилояти Ленинград дарёфтшуда шаҳрванди Тоҷикистон аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, шахсияти кушташуда низ муайян карда шудааст. Ӯ зодаи деҳаи Партизани ҷамоати Сайёди ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон Бахтиёр Расулов мебошад. Рӯзҳои наздик пас аз баргузории ташхиси иловагӣ ҷасади […]

Аваз Юлдошев


Тибқи хулосаи ташхиси генетикӣ, шаҳрванди оташзадаву бесари дар яке аз деҳаҳои вилояти Ленинград дарёфтшуда шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, шахсияти кушташуда низ муайян карда шудааст. Ӯ зодаи деҳаи Партизани ҷамоати Сайёди ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон Бахтиёр Расулов мебошад. Рӯзҳои наздик пас аз баргузории ташхиси иловагӣ ҷасади мақтул ба ватан фиристода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов аз макони содир шудани ҷиноят боздид кард.

Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон Сафиалло Девонаев низ ҳафтаи гузашта бо роҳбари Сарраёсати ВКД-и Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Михаил Суходолский мулоқот кард. Дар рафти мулоқот ба масъалаи ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии қатли шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов, ки миёни ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба бор овард,  таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд.

С.Девонаев аз мақомоти Русия дархост кард, ки дар ошкор сохтани ин ҷиноят дар фурсати наздиктарин ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани гунаҳкорон мусоидат намоянд. Суходолский ба намояндаи Тоҷикистон итминон дод, ки дар ин самт тамоми чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд ва масъалаи мазкур таҳти назорати махсус қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.