Дар парлумон ҷараёни тафтишоти парвандаи қатли Б.Расулов баррасӣ мешавад

Рӯзи ҷумъаи оянда, 16-уми декабр, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум тағйироту иловаҳо ба Кодексҳои андозу гумрук баррасӣ мешаванд. Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои МН МО ҶТ доир гардид, ки дар он дар баробари тағйироту илова ба кодексҳои зикршуда, ҳамчунин оиҳаи тағийроту иловаҳо […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи ҷумъаи оянда, 16-уми декабр, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум тағйироту иловаҳо ба Кодексҳои андозу гумрук баррасӣ мешаванд.

Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои МН МО ҶТ доир гардид, ки дар он дар баробари тағйироту илова ба кодексҳои зикршуда, ҳамчунин оиҳаи тағийроту иловаҳо ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2011», «Дар бораи стандартизатсия», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва ҷамоат» низ баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи раиси Кумиати қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов дар бораи сафараш ба шаҳри Санкт-Петрбурги Русия низ шунида хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки Маҳмадалӣ Ватанов бо супориши раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати аз наздик ошно гардидан бо ҷараёни тафтишоти қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов ба шаҳри Санкт-Петербург сафарбар шуда буд.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи ноябр зимни ифтитоҳи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров нисбат ба қазияи қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди тоҷик Бахтиёр Расулов дар шаҳри Санкт-Петербург изҳори назар карда, ин ҷиноятро қотеъона маҳкум намуда буд.

«Ин ҳодисаи аввалин нест, ки дар қаламрави Русия нисбати тоҷикон ба ин монанд ҷиноёти мудҳишу бераҳмона содир карда мешавад. «Мо аз мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Русия талаб менамоем, ки дар кори ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон чораҳои ҷиддиву амалӣ ва муассир андешида шавад», – иброз дошта буд вай.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Душанбе – Машҳад – Душанбе пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.