Қотили ду нафар сокини Хуҷанд боздошт гардид

Дар шаҳри Хуҷанд гумонбар ба қатли ду нафар сокини шаҳр Денис Мартинови 33-сола боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ӯ ба куштор аз рашк даст задаст. «Нимаи рӯзи 5-уми декабр гумонбаршуда ба манзили Иброҳим Салимов омада, ба ҳамхонаи худ Олга Салтанова ва соҳибманзил бо корди хоҷагӣ якчанд […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Хуҷанд гумонбар ба қатли ду нафар сокини шаҳр Денис Мартинови 33-сола боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ӯ ба куштор аз рашк даст задаст. «Нимаи рӯзи 5-уми декабр гумонбаршуда ба манзили Иброҳим Салимов омада, ба ҳамхонаи худ Олга Салтанова ва соҳибманзил бо корди хоҷагӣ якчанд зарба мезанад, ки дар натиҷа онҳо дар ҷойи ҳоиса ба ҳалокат расида буданд», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, далели шаъӣ – корд мусодира гардида, маводи ҷамъшуда ба парвандаи ҷиноии қаблан бозшуда мутобиқи моддаи 104, қ. 2 (Одамкушӣ) илова шудаанд ва тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 39 ҳодисаи куштор (ҳамин давраи соли гузашта – 40 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.