Сабти 18 субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

Дата:


Дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 18 корхонаҳо ҳамчун субъекти минтақа ба қайд гирифта шуда, соли ҷорӣ фаъолияти он пурра ба худмаблағгузорӣ гузашт ва аз ҳисоби субъектҳои минтақа ба буҷети маъмурият зиёда аз 100  ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Он имконият дод, ки маоши кормандон зиёд гардад. 

Тавре аз хадамот матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҳоло якчанд лоиҳаҳо, аз ҷумла роҷеъ ба истеҳсоли дорувориҳо барои чорво, рушди саноати бофандагӣ, истеҳсоли мебелҳо, истеҳсоли плитаҳои мармарӣ дар ҳолати баррасӣ қарор дорад.

Зикр гардид, ки дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ  5 Ёддошти тафоҳум бо Донишкадаи давлатии вилояти Ивановск, ширкати сохтмону саноати Забойкалски шаҳри Читаи Федератсияи Россия, бо як ширкати Ҷумҳурии Халқии Чин, ВСО–и Тоҷикистон ва Фонди ОКА –и Федератсияи Россия  баста шудаанд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное