Қатъи пеш аз мӯҳлати парвози ҳавопаймои хатсайри Маскав-Кӯлоб

Бинобар сабаби дар ҳавопаймои «Боинг» ҷой доштани камбуду норасоиҳои техникӣ парвози ҳавопаймои хатсайри Маскав-Кӯлоб пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» хабар доданд, халабонон баъди гузашти чанд муддате аз парвоз аз норасоии техникӣ хабардор шуда, бозгашт ҳавопайморо ба майдони ҳавоии «Домодедово»-и шаҳри Маскав фуруд овардаанд. Бино ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Бинобар сабаби дар ҳавопаймои «Боинг» ҷой доштани камбуду норасоиҳои техникӣ парвози ҳавопаймои хатсайри Маскав-Кӯлоб пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» хабар доданд, халабонон баъди гузашти чанд муддате аз парвоз аз норасоии техникӣ хабардор шуда, бозгашт ҳавопайморо ба майдони ҳавоии «Домодедово»-и шаҳри Маскав фуруд овардаанд.

Бино ба иттилои манбаъ,  камбудиҳои начандон назарраси техникӣ пас аз якчанд дақиқаи парвоз дар соати 1:33 дақиқа ба вақти Маскав ба вуҷуд омадаанд.

«Баъди чанде камбуду норасоиҳои техникӣ бартараф шуда, «Боинг» боз ба самти Кӯлоб раҳсипор гардид. Ҳамаи 109 нафар мусофирони ин хатсайр ҳамон шаб ба фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб расонида шуданд», – гутанд дар ширкат.

Ширкати «Ист Эйр» моҳи сентябри соли 2007 ба фаъолият шурӯъ кард. Барои амалисозии парвозҳо ширкати мазкур дар асоси лизингӣ ҳавопаймоҳои ширкати «Исток Авиа FZE»-ро истифода мекунад.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳиссаи ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» дар бозор начандон назаррас буда, ҳамагӣ 0,4% аз 1 млн. 442 ҳазор нафари мусофиронро, ки соли 2010 аз нақлиёти ҳавоӣ истифода бурдаанд, ташкил медиҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.