Чанде қабл дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бо иштироки собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва фаъолони шаҳр ба муносибати 75-солагии собиқ котиби якуми кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Акобир Қозихонович Умаров ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов соҳибҷашнро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ин рӯзи фархундаи ҳаёташ табрик намуда, чун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ аз хизматҳои тӯлониаш тӯҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияро тақдим дошт.
Раҷабббой Каримов зимни суханронии худ аз хизматҳои шоёни Акобир Умаров ёдрас шуда, саҳми ӯро дар тараққиёти босуръати ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, ба хосса ободонию бунёдкории маркази маъмурии вилояти кунунии Суғд дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта, рушди соҳаи энергетикаи кишвар босазо арзёбӣ кард.
Муовини Раиси вилояти Суғд Мубинҷон Қаюмов меҳрномаи Раиси вилоят Қоҳир Расулзодаро ба унвонии Акобир Умаров қироат кард ва тӯҳфаи хотиравии сарвари вилоятро тақдим дошт.
Мӯъминҷон Тошматов – муовини Раиси Ширкати «Барқи тоҷик» аз номи роҳбарияти ширкат Акобир Умаровро бо зодрӯзаш табрик намуд.
Соҳибҷашнро ҳамсафон, дӯстон, шогирдон, намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳру вилоят муборакбод карданд.
Акобир Қозихонович Умаров – яке аз чеҳраҳои шинохтаи шаҳру вилоят ва мамлакат 30 декабри соли 1936 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Дастпарвари Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва Мактаби олии ҳизби назди КМ ҲКИШ мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи муҳандис-барқчии шабакаҳои барқии Ленинобод оғоз намуда, сипас ба ҳайси Раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи коркунони нерӯгоҳҳои барқӣ ва саноати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори шабакаҳои барқи минтақаи шимол кор кардааст.
Акобир Умаров аввалин директори Нерӯгоҳи Барқи Оби Норак мебошад.
Солҳои 1974 – 1975 ба сифати котиби аввали кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон роҳбарии шаҳри Ленинобод – Хуҷанди имрӯзаро ӯҳдабароёна адо кардааст. Дар се даъват вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Тӯли 12 сол узви Кумитаи Маркази Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон буд. Хизматҳояш дар назди халқу Ватан бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдиронида шудаанд.


