Собиқ бонкдор барои суиқасд ба қумондони Фронти халқӣ маҳкум гардид

Суди олии Тоҷикистон собиқ раиси филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод Сафармад Рустамовро ба 8,5 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҶТ хабар доданд, Рустамов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят), моддаи 104, қ. 2, б. «а, е, […]

Наргис Ҳамробоева


Суди олии Тоҷикистон собиқ раиси филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод Сафармад Рустамовро ба 8,5 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҶТ хабар доданд, Рустамов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят), моддаи 104, қ. 2, б. «а, е, ж, з, и, к» (Одамкушӣ) ва 195, қ. 3 (Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳаи оташфишон)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шуд. «Бо истифодаи қонуни афв мӯҳлати ҷазои Сафармад Рустамов аз чор як ҳисса кам карда шуд», – таъкид кард манбаъ.

Дар курсии айбдорӣ ҳамчунин ду нафар ҷонибдорони ӯ – Неъматулло Бойматов ва Нурулло Давлатов низ назди қонун ҷавоб доданд. Онҳо ба суиқасд ба куштор гунаҳкор дониста шуда, мутаносибан ба мӯҳлатҳои 8 солу 4 моҳ ва 8,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Бо истифодаи қонуни афв мӯҳлати ҷазои онҳо низ қисман кам карда шуд.

«Дар ҷараёни тафтишот маълум карда шуд, ки моҳи апрели соли 2000-ум хизматчиёни ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ, ки миёнашон хешовандони қумондони он замон маъруфи Фронти халқӣ Қурбон Чолов низ ҳузур доштанд, қаҳвахонаи мутааллиқ ба оилаи Рустамовҳоро оташ заданд. Бо мақсади ниқор Сафармад Рустамов пешакӣ бо ҷонибдорони худ гапзанон карда, нақшаи куштори Чоловро тарҳрезӣ намуд», – гуфтанд дар Суди олӣ.

Ҳамин тариқ, моҳи майи соли 2000-ум гурӯҳи Рустамов бо автоматҳои Калашников, пулемёт ва норинҷакафканҳо мусаллаҳ гардида, ба қатори автомашинаҳои қумондон ҳамла карданд. Он замон аз ҳашт нафари ҳамроҳи қумондон Чолов ду нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, қисмате аз гурӯҳи Рустамов соли 2001 аз ҷониби Суди олӣ ба мӯҳлатҳои гуногуни ҷазо маҳкум гардида буданд.

Худи Сафармад Рустамов тобистони соли гузашта боздошт шуда буд. Он замон чанде чунин мепиндоштанд, ки боздошти Рустамов ба бетартибиҳои оммавии мухлисони дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб марбут аст. Баъдтар ин фарзия исботи худро пайдо накард.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.