Аҳолии ВМКБ метавонад аз ёрии пулӣ барои истифодаи барқ маҳрум гардад

Зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Хоруғ директори генералии ширкати «Помир Энержи» Далер Ҷумъаев изҳор кард, ки ояндаи наздик масъалаи расонидани ёрии пулӣ ба аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои истифодаи барқ ба яке аз мушкилоти асосии таъмини вилоят бо барқ мубаддал мегардад. Ба гуфтаи ӯ, ёрии пулии пешина, ки аз ҷониби ҳукумати Швейтсария дар ҳаҷми […]

Қурбон Аламшоев


Зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Хоруғ директори генералии ширкати «Помир Энержи» Далер Ҷумъаев изҳор кард, ки ояндаи наздик масъалаи расонидани ёрии пулӣ ба аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои истифодаи барқ ба яке аз мушкилоти асосии таъмини вилоят бо барқ мубаддал мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, ёрии пулии пешина, ки аз ҷониби ҳукумати Швейтсария дар ҳаҷми 5 млн. доллари ИМА пешниҳод гардида буд, ахири соли 2011 ба охир расид.

«Мувофиқи шартҳои Қарордоди Консессионии ба имзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энержи» аз соли 2002 ва ҳамчунин дар асоси Созишнома дар бораи пардохти хароҷоти ҳифзи иҷтимоӣ, ҳукумати ҷумҳурӣ ӯҳдадор аст, ки ба дастрас кардани ёрии пулӣ ба аҳолии ВМКБ мусоидат намояд, – гуфт ӯ. – Ин масъала бо тамоми вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуда, айни замон бо Вазорати молия гуфтушуниди машваратӣ дар ин хусус идома дорад».

Д.Ҷумъаев гуфт, феълан ширкат ду роҳи маблағгузорӣ ба пардохти хароҷот ба ҳифзи иҷтимоиро дорост, ки яке аз он аз ҳисоби фарқи фоизи қарзи Бонки ҷаҳонӣ, ки ба ширкат дар марҳилаи аввал тавассути ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва дигаре аз ҳисоби маблағгузории берунӣ.

«Помир-Энержи» ҷиҳати дастрас кардани маблағ дар ҳаҷми 3,7 млн. доллари ИМА бо ҳукумати Швейтсария қарордод дорад, – гуфт номбурда. – Ин маблағ натанҳо ба таъмини ёрии пулии истифодаи барқ барои аҳолии ВМКБ дар солҳои 2012-2014 имкон медиҳад, балки ҷиҳати дастрас кардани 15 ҳазор адад ҳисобкунакҳои барқӣ барои анҷоми насби ҳисобкунакҳои электронии хароҷоти барқ шароит фароҳам меорад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.