Истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ба беш аз 308 млн. сомонӣ расид

Корхонаю муассисаҳои соҳаи саноати хӯроквории Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонро баҳри рушди соҳа ва таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ равона намуда, соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи саноати хӯроквориро ба 308,9 млн. сомонӣ расониданд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2010-ум 49,8 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш -115,7%-ро ташкил […]

ASIA-Plus


Корхонаю муассисаҳои соҳаи саноати хӯроквории Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонро баҳри рушди соҳа ва таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ равона намуда, соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи саноати хӯроквориро ба 308,9 млн. сомонӣ расониданд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2010-ум 49,8 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш -115,7%-ро ташкил дод.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрока 191,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010, 42,8 млн. зиёд буда, суръати афзоиш 128,8 %-ро ташкил дод.

Корхонаҳо дар давоми сол ба миқдори 1883,8 тонна равғани растанӣ, 598,1 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 20691 тонна намак, 94,49 ҳазор декалитр оби ҷав ,4824,3 ҳазор декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 43105,75 ҳазор қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот, 39,7 ҳазор декалитр спирти этилӣ, 45 ҳазор декалитр арақ, 29,52 ҳазор дона зарфҳои шишагӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро истеҳсол намуданд.

Дар ин давра дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 48 корхонаҳои навбунёдгардида ба фаъолият шӯруъ кард ва 683 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.