Дар Тоҷикистон имсол дар майдони 210 ҳазор га пунбадона кишт мешавад

Дар Тоҷикистон имсол дар майдони 210 ҳазор га пунбадона кишт мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 6 ҳазор гектар зиёдтар мебошад. Дар нишасти хабарӣ муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сиҷоуддин Исроилов изҳор кард, ки бо назардошти аз ҳар гекар ба даст овардани 20 сентнерӣ ҳосил, соли равон ҷамъоварии беш аз 400 ҳазор тонна пахта пешбинӣ шудааст. […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Тоҷикистон имсол дар майдони 210 ҳазор га пунбадона кишт мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 6 ҳазор гектар зиёдтар мебошад.

Дар нишасти хабарӣ муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сиҷоуддин Исроилов изҳор кард, ки бо назардошти аз ҳар гекар ба даст овардани 20 сентнерӣ ҳосил, соли равон ҷамъоварии беш аз 400 ҳазор тонна пахта пешбинӣ шудааст.

Ӯ хотирррасон намуд, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 204 ҳазор гектар кишт шуда буд, ки нисбат ба соли 2010 41,6 ҳазор гектар бештар буд. «Соли гузашта кишоварзони ҷумҳурӣ беш аз 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, нақша 6,2% барзиёд иҷро ва бори нахуст дар давоми 20 соли истиқлолият аз ҳар як гектар 20,5 сентнер ҳосил ба даст оварда шуд», – гуфт вай.

Муовини вазири кишоварзӣ зикр кард, ки аз ҳаҷми умумии ҳосили соли гузашта ҷамъоваришуда ҳамагӣ ҳудуди 6 ҳазор тоннаашро пахтаи маҳиннах ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар шарҳи сабаби коҳиш ёфтани содироти нахи пахта дар соли гузашта нисбат ба соли 2010, Исроилов иброз дошт, ки ин пеш аз ҳама ба нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ вобаста аст.

«Тирамоҳи соли гузашта арзиши нахи пахта як қадре коҳиш ёфт ва дар робита ба ин, истеҳсолкунандагон ба фурӯши он шитоб накарданд, – гуфт ӯ. – Имрӯз бошад, нархҳо тадриҷан боло мераванд. Аз охири тирамоҳи соли гузашта арзиши нахи пахта аз 1,5 ҳазор $ қариб то 1,9 ҳазор $ барои як тонна боло рафтанд. Аз ҳама муҳимаш маҳсулот мавҷуд аст, фурӯхтани он бошад, тамоми вақт имконпазир хоҳад шуд».

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми содироти нахи пахта ба андозаи 1,1 коҳиш ёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.