Хатлон: Ришваситонии муовини директори Маркази таълим барои калонсолон

Дар шӯъбаи мубориза бо коррупсия дар нақлиёти вилояти Хатлон нисбат ба муовини директори филиали муассисаи давлатии «Маркази таълим барои калонсолон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Ташриф Хоҷаев парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиши шӯъбаи назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нақлиёти вилояти Хатлон Қаҳҳор Саидов хабар дод, чанд рӯз қабл ба шӯъба аз номи […]

Сайраҳмон Назриев


Дар шӯъбаи мубориза бо коррупсия дар нақлиёти вилояти Хатлон нисбат ба муовини директори филиали муассисаи давлатии «Маркази таълим барои калонсолон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Ташриф Хоҷаев парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиши шӯъбаи назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нақлиёти вилояти Хатлон Қаҳҳор Саидов хабар дод, чанд рӯз қабл ба шӯъба аз номи сокини ноҳияи Бохтар Баҳодур Муродов ариза ворид шудааст. Дар ариза сокини ноҳияи Бохтар изҳор кардааст, ки ҳарчанд ӯ дар ин марказ таълим нагирифта бошад ҳам, Хоҷаев ба ивази 50 сомонӣ ба ӯ дипломи қалбакӣ бо ихтисоси «устои барқ»-ро додааст.

«Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи кории Хоҷаев маблағи пулӣ дар ҳаҷми 50 сомонӣ, ки ӯ барои «хизмат»-аш гирифта буд ва боз 130 сомонӣ маблағи пардохти расмӣ барои курси таълимӣ дарёфт карда шуд», – гуфт муфаттиш.

Ба гуфтаи вай, пас аз анҷоми азназаргузаронии утоқи кории муовини директор ва тартиб додани санади дахлдор, директори марказ Ҷумъахон Сониев бар асари бемории сактаи дил дар утоқи кории худ ба ҳалокат расидааст.

 «Парвандаи ҷиноии бозшуда нисбат ба муовини директори филиал тибқи моддаи 323 (тақаллубкории хизматӣ)-и КҶ ҶТ ба роҳбари муассиса дахл надошт», – таъкид кард Қ.Саидов.

Айни замон мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба далели марги Ҷ.Сониев санҷиши прокурорӣ мегузаронанд.

Аз Т.Хоҷаев дар бораи тарк накардани макони зист замонати хаттӣ гирифта шуда, тафтишоти пешакии қазияи мазкур идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.