Директорони 40 мактаби пойтахт тарки мансаб мекунанд

Аз 140 мактаби таҳсилоти умумии амалкунанда дар пойтахти Тоҷикистон дар 40-тоаш тарки мансаб намудани директорони феълӣ дар назар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, комиссияи махсуси таъсисёфта оид ба иҷрои супориши раиси шаҳри Душанбе дар бораи иваз кардани директорони мактабҳои пойтахт, ки беш аз 5 сол дар ин мансаб […]

Аваз Юлдошев


Аз 140 мактаби таҳсилоти умумии амалкунанда дар пойтахти Тоҷикистон дар 40-тоаш тарки мансаб намудани директорони феълӣ дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, комиссияи махсуси таъсисёфта оид ба иҷрои супориши раиси шаҳри Душанбе дар бораи иваз кардани директорони мактабҳои пойтахт, ки беш аз 5 сол дар ин мансаб ифои вазифа намудаанд, иваз кардани 40 нафар директорони мактабро тавсия додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, комиссия зимни омодакунии пешниҳодот дар бораи иваз кардани директорони мактабҳо, пеш аз ҳама дастовардҳои муассисаи таълимӣ дар олимпиадаҳои сатҳҳои гуногунро ба инобат гирифтааст.

«Ғайр аз ин, қонуншиканиҳои аз ҷониби толибилмони мактабҳо содиршуда, сатҳи касбияту тахассуси омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва муҳлати дар мансаби директори мактаб қарор доштани шахс низ ба эътибор гирифта шуд», – афзуд манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар ҷаласаи мақомоти шаҳрдории пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри тақвият бахшидан ба масъулияти роҳбарӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳу сифат дар низоми хоҷагидорӣ дастур фармуд, ки дар мӯҳлати ду ҳафта мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд,  бо кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба иваз карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.