Истихроҷи газ дар Тоҷикистон 10% коҳиш ёфт

Соли гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 19 млн. метри мукааб гази табиӣ истихроҷ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, соли гузашта ҳаҷми истихроҷи газ дар ҷумҳурӣ каме зиёдтар аз 18, 8 млн. метри мукаабро ташкил додааст, ки аз ҳаҷми қаблан пешбинишуда 5,6 млн. метри мукааб ё худ […]

Пайрав Чоршанбиев


Соли гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 19 млн. метри мукааб гази табиӣ истихроҷ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, соли гузашта ҳаҷми истихроҷи газ дар ҷумҳурӣ каме зиёдтар аз 18, 8 млн. метри мукаабро ташкил додааст, ки аз ҳаҷми қаблан пешбинишуда 5,6 млн. метри мукааб ё худ 10,4% камтар аст.

Маблағи умумии гази истихроҷшуда дар соли гузашта ба беш аз 6,7 млн. сомонӣ баробар аст, ки дар муқоиса бо соли 2010 ба миқдори 5,8% камтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, соли гузашта ҳаҷми истихроҷи нафт дар кишвар то ба 28,7 ҳазор тонна расонида шудааст, ки дар муқоиса бо соли пешин 1,5 ҳазор тонна ва аз ҳаҷми пешбинишуда 163 тонна бештар мебошад.

Маблағи умумии нафти истихроҷшуда дар ҷумҳурӣ 27,3 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз маблағи пешбинишуда 3,7 млн. сомонӣ ва дар муқоиса бо ҳаҷми соли 2010 ба андозаи 25,2% зиёдтар аст.

Зикр гардид, ки фонди истифодабарӣ дар соли 2011 дар кишвар 156 чоҳро ташкил додааст, ки аз он 145 чоҳҳои истихроҷи нафт ва 11 чоҳҳои газӣ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.