Ҳ.Зарифӣ сафирони як қатор кишварҳоро ба ҳузур пазируфт

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафирони фавқулода ва мухтори Ветнам – Ле Ман Луан, Италия – Риккардо Манара, Литва – Рокас Бернотас ва Словакия – Юрай Сивачек, ки дар ҷумҳурӣ бо мақсади супоридани эътимодномаҳои худ ба Президенти Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт. Тавре аз департмаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафирони фавқулода ва мухтори Ветнам – Ле Ман Луан, Италия – Риккардо Манара, Литва – Рокас Бернотас ва Словакия – Юрай Сивачек, ки дар ҷумҳурӣ бо мақсади супоридани эътимодномаҳои худ ба Президенти Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департмаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафирон ба Вазири корҳои хориҷӣ нусхаҳои эътимодномаҳои худро супориданд ва сипас музокиротҳои кӯтоҳ барпо гардиданд.

Дар ҷараёни мулоқотҳо бо сафирон, Вазири корҳои хориҷӣ бинобар ба вазифаҳои зикргардида таъин шуданашон табрику таҳният гуфта, изҳори умедворӣ аз рушди муносибот байни кишварҳо кард. Дар баробари муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ шуд. Мусоҳибон барпо намудани чорабиниҳоро бахшида ба ҷашнгирии 20-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо муҳокима намуданд. Вазири корҳои хориҷӣ қайд сохт, ки новобаста аз сатҳи хуби муносибот миёни кишварҳо, иқтидору имкониятҳои мо имкон медиҳанд, ки муносибатҳои мавҷударо хусусан дар соҳаҳои иқтисод ва савдо боз ҳам вусъат диҳем.

Бо ин мақсад, Вазири корҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи сафиронро ба зарурати бунёд ва таҳкими пойдевори шартномавӣ-ҳуқуқӣ, барпо кардани робитаҳо байни доираҳои тиҷоратии кишварҳо, истифода бурдани имкониятҳо барои рушди сармояҳо ва савдои муштарак ҷалб намуд.

Дар анҷоми мулоқот, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафирон дар иҷрои вазифа ва пешбурди муносибатҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳо муваффақият таманно кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.