Садамаи нақлиёт дар ноҳияи Айнӣ ҷони 5 танро рабуд

Дар таърихи 30-юми январи соли равон,  бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд 5 нафар ҳалок ва 5 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон бистарӣ шуданд. Тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазораи корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, садамаи нақлиёт дар километри 123-юми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, дар мавзеи Сафедорак ба вуқӯъ пайвастааст. […]

ASIA-Plus


Дар таърихи 30-юми январи соли равон,  бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд 5 нафар ҳалок ва 5 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон бистарӣ шуданд.

Тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазораи корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, садамаи нақлиёт дар километри 123-юми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, дар мавзеи Сафедорак ба вуқӯъ пайвастааст.

«Нимаи рӯзи 30-юми январ ронандаи мошини тамғаи «Dulon», сокини ноҳияи Истаравшан Ғаниҷон Обидов, соли таваллудаш 1983, ҳангоми ҳаракат аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба мошини тамғаи ВАЗ-21099, таҳти идораи ронанда Абдуфаёз Воҳидов, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Айнӣ бархўрда, сипас ба мошини тамғаи «Mitsubishi Pajero», таҳти идораи ронанда Довуд Халилов, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Панҷакент бармехӯрад», -гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа мошини мазкур ба ҷарии 30-35 метр сарозер рафта, дар дарёи Фон ғарқ шудааст. Ронанда Д. Халилов дар дарё ғарқ шуда, ҷасадаш то ҳанӯз дарёфт нашудааст. Панҷ нафар мусофирони дигари ин мошин, сокинони ноҳияи Панҷакент, ки миёнашон кӯдакони хурдсол ҳузур доштанд. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бистарӣ гаштаанд. Мусофирони дигар, сокинони ҳамин ноҳия Умарбек Додхоев  ва Ҷавоҳир Амиров дар дарёи Фон ғарқ шуда, ҷасади онҳо дарёфт карда нагардидааст. Дар ҷойи ҳодиса аз гирифтани ҷароҳатҳои гуногун мусофир Озода Халилова (сокини ноҳияи Панҷакент) ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин ҷасади боз як ҷавонзан, мусофири Mitsubishi Pajero» аз об бароварда шуда, айни замон шахсияташ муайян карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.