Ҷалби ҳудуди 10 ҳазор толибилмон дар чорабиниҳои ҷашни Наврӯз

Дар намоишномаҳои театрикунонидашудаи таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз, ки соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ҷалби ҳудуди 4 ҳазор толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва наздики 6 ҳазор донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Душанбе дар назар аст. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева дар робита ба ин масъала гуфт, иштироки […]

Аваз Юлдошев


Дар намоишномаҳои театрикунонидашудаи таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз, ки соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ҷалби ҳудуди 4 ҳазор толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва наздики 6 ҳазор донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Душанбе дар назар аст.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева дар робита ба ин масъала гуфт, иштироки толибилмон дар чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз ба ҷараёни таҳсили онҳо монеа эҷод нахоҳад кард, зеро он дар вақти берун аз дарсҳо гузаронида мешавад.

«Мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ онҳоро бо нақлиёт ва ғизо таъмин хоҳанд кард», – гуфт номбурда.

Аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар чорабиниҳои ҷашнии иди Наврӯзи байнулмилалӣ ҳудуди 6 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олии пойтахт низ ҷалб карда мешаванд. Онҳоро низ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо нақлиёту ғизо таъмин мекунанд.

«Омодагирӣ ба намоишҳои оммавӣ бо иштироки толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ аз 6-уми феврал ва донишҷӯён аз 14-уми феврал шурӯъ мешавад», – гуфтанд дар Вазорати маориф.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ барои омодагӣ ба таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз-2012 дар Тоҷикистон таҳти сарварии нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуда, нақшаи кории он тасдиқ гардидааст.

Ҷашни қадимаи мардуми форсизабон соли гузашта бо қарори СММ мақоми ҷашни байнулмилалиро соҳиб шуд ва соли равон бори нахуст дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳои воломақоми беш аз 30 кишвари дунё ҷашн гирифта мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.