Баррасии масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Италия

Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Италия дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) Риккардо Манар масоили иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи ЭСКПО-2015 дар шаҳри Милан мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, Шариф Саид ба меҳмон дар бораи самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон, […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Италия дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) Риккардо Манар масоили иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи ЭСКПО-2015 дар шаҳри Милан мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, Шариф Саид ба меҳмон дар бораи самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон, ҳамкории ҷумҳурӣ бо Палатаи савдои Вентсия ва мақомоти Савдои хориҷии Италия (ИЧЕ), ки дар Душанбе барои тоҷирони тоҷик курсҳои омӯзишӣ доир намуд, маълумоти муфассал дода, минбаъд низ идомаи ҳамкориҳо дар бахши омӯзиши кадрҳо дар бахши тиҷоратро дархост намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Италия дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук ва кӯҳкорӣ, сохтмон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, телекоммуникатсия ва сайёҳиро низ баррасӣ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.