Ахир ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲУСДТ) Раҳматилло Зойиров Пленуми Шӯрои сиёсии ҳизб баргузор шуд.
Тавре дар иттилоияи расмии ҳизб зикр мегардад, дар пленум 10 масъалаи дорои ҷанбаҳои умумии сиёсӣ, тадорукотӣ ва кадрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар пленум ҳамчунин ҳисоботи мухтасари Шӯрои сиёсии ҲУСДТ дар бораи иҷрои қарору супоришҳои қаблӣ шунида шуда, чор санади меъёрӣ – Муқаррарот дар бораи Шӯрои сиёсии ҲУСДТ, дар бораи Президиуми ҳизб, Котиби генералӣ, котиботи ҲУСДТ, Ҳамраисон ва Кумитаи иҷроияи ҳизб тасдиқ гардиданд.
Дар пленум ҳайати котиботи Шӯрои сиёсӣ муайян карда шуд. Шодавлат Шонусайриев котиби Шӯрои сиёсӣ (ШС) оид ба сиёсати умумисиёсӣ, тадорукотӣ ва кадрӣ, Дилбар Расулова котиби ШС оид ба сиёсати ҷавонон ва гендерӣ, Мавзуна Каримова котиби ШС оид ба сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва минтақавӣ интихоб гардиданд.
Ғайр аз ин, Шӯҳрат Қудратов роҳбари Кумитаи иҷроияи ҲУСДТ ва Парвина Ҷӯраева котиби Пленуми ШС ҲУСДТ интихоб карда шуданд.
Ёдрас мекунем, ки 4-уми декабри соли 2011 Анҷумани 12-уми ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он ҲСДТ ба Ҳизби умумиллии состиал-демократии Тоҷикистон тағйири ном кард.
Дар анҷуман Оинномаи ҳизб дар тахрири нав қабул гардид. Раҳматулло Зойиров бори навбатӣ ба симмати раиси ҳизб интихоб гардид. Диловаршо Ҷӯраев Котиби генералӣ, Дилбар Самадова, Амният Абдулназаров ва Шӯҳрат Қудратов Ҳамраисони ҳизб интихоб карда шуданд.


